Retour

En poursuivant votre navigation sur ce site, vous acceptez l'utilisation des cookies par nos services.  En savoir plusFermer

Tadjikistan


Нишондодҳои асосӣ

1968 m евро евро гардиши молу маҳсулот

128.000 гектар майдонҳои корам дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон

54 корхонаи истеҳсолӣ

2 шабакаи фурӯш: чакана ва хизматрасонии озуқаворӣ

3.440 кишоварз

500 навъи гуногуни сабзавот

9.961 корманд

4 навъи технология: сабзавоти консервашуда, сабзавоти тару тоза, сабзавоти яхкардашуда ва таоми аз сабзавот омодашуда

Bonduelle Group

Таърих

Гуруҳи «Bonduelle» - соли 1853 таъсис ёфта, он замон тиҷорати оилавӣ буд, - назди худ мақсад гузошт, ки ширкати пешқадами сатҳи ҷаҳонӣ мегардад ва зиндагиро тавассути ғизои сабзавотӣ рангин месозад. Бо авлавиятбахшӣ ба навоварӣ ва барномарезии дарозмуддат Гуруҳ фаъолияташро рушд  мебахшад ва мавқеи ҷуғрофии корхонаҳояшро васеъ менамояд. Дар ҳоли ҳозир 77% гардиши тиҷорати ширкат дар берун аз Фаронса, кишвари таърихии «Bonduelle», қарор дорад.  Сабзавоте, ки дар 128 000 гектар замин месабзад, дар 100 мамлакати ҷаҳон бо тамғаҳо, роҳҳо ва шаклҳои гуногун ба фурӯш монда шудааст: ба таври консервшуда, яхкардашуда, пастеризатсияшуда, хушккардашуда ва тару тоза, ки барои истифода омода ҳастанд. «Bonduelle» аъзои боэътимоди бозор аст, ки ин эътимодро тавассути пайгирии усулҳои масъулияти иҷтимоии дастаҷамъӣ ба даст овардааст ва ҳамаи имконияташро ба он равона мекунад, ки шумори зиёди истифодабарандагонро аз ғизои сабзавотӣ қонеъ созад. Бо таваҷҷуҳ ба неъматҳои табиат Гуруҳи «Bonduelle» ба барномарезии дарозмуддат авлавият медиҳад ва ба таври устувор рушд ёфтанро пеша мекунад, ки онро дар стратегияи дохилии худ дарҷ кардааст. Бо дар ихтиёр доштани таҷҳизоти беҳамтои саноати кишоварзӣ, ки дар 57 корхонаи истеҳсолӣ ва объектҳои хоҷагии деҳқонӣ мавриди амал қарор доранд, Гуруҳ маҳсулоти худро дар беҳтарин минтақаҳои кишоварзӣ, ки бевосита ба мизоҷон наздик ҳастанд, истеҳсол мекунад. 

Чаҳор навъи техналогия

Барои қаноатманд намудани хоҳишу интизориҳои комили истеъмолкунандагони худ, имрӯз Гуруҳ фаъолияташро ба чаҳор самти технологӣ мутамарказ кардааст: 

  • Сабзавоти консервашуда
  • Сабзавоти яхкардашуда
  • Сабзавоти тару тозаи коркардшуда
  • Сабзавот дар шакли таъоми тайёр

Гуруҳи байналмиллалӣ

Гуруҳ ҳамроҳ бо тамғаҳои тиҷоратии шахсии худ ва тамғаи паҳнкунандагони мо имрӯз дар бахши паҳнкунии сабзавоти барои истифода омода, мақоми аввали байналимилалиро ишғол мекунад. 

Гуруҳи мо дар се минтақаи асосӣ дорои муассисаҳои стратегӣ аст:

  • Аврупои Ғарбӣ шуруъ аз солҳои 1960, замоне ки Гуруҳи «Bonduelle» рушди истеҳсоли худро аз  Олмон оғоз кард ва баъдан ба дигар кишварҳои Иттифоқи Аврупо интиқол дод.
  • Аврупои Шарқӣ, алалхусус Руссия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Мамлакатҳои Мустақил, ки тамғаи «Bonduelle» хеле машҳур гаштааст. 
  • Қитъаи Амрико : 

    • сар аз соли 2007 дар Канада бо ба даст овардани ширкати «Aliments Carrière» оғоз карда ва баъдан дар соли 2012 дар ИМА бо дастрас намудани ширкати истеҳсолкунандаи сабзавоти яхкардашудаи «Allens» давом дода истодааст. Ва билохира, Бразилиа: фаъолияти тиҷоратии худро дар ин кишвар аз соли 1994 оғоз намуда, Гуруҳи «Bonduelle» дар соли 2010 корхонаи худро дар шаҳри Кристалина бунёд кард. 

Чаҳор тамғаи тиҷоратӣ дар кишварҳои мухталиф

«BONDUELLE» - тамғаи тиҷоратии байналмиллалӣ

Сабзавот, танҳо сабзавот, ҳамаҷо пур аз сабзавот!

Дар ҷаҳони мутараққӣ, ки ҷиҳати ояндаи озуқавории худ ташвиши рӯзафзун дорад, «Bonduelle» сабзавоти гуногуншаклеро пешниҳод мекунад, ки бо истифода аз техналогияҳои мухталиф дар гӯшаҳои дунё ҷиҳати равнақи фарҳанги истифодаи сабзавот барои лаззатёбӣ ва солимии истифодабарандагон таҳия шудаанд. 

Cassegrain

Тамғаи тиҷоратӣ, ки рақиби замона аст.

Барои муштариёни серталаб Гуруҳи «Bonduelle» гулчини сабзавотро зери тамғаи «Cassegrain» пешкаш менамояд, ки он дар қуттиҳои росткунҷаи маъмул истеҳсол гардида, дар болояш расми харгӯшро дорад.

Arctic Gardens

«Arctic Gardens» - ин якумин тамғаи тиҷоратии сабзавоти яхкардашуда дар Квебек аст, ҳамчунин нахустин тамғаи тиҷоратии сабзавоти яхкардашудаи омехта дар Канада мебошад. «Arctic Gardens» - ин тамғаи сабзавотиест, ки мо онро меписандем.  

Globus

Тамғаи тиҷоратист, ки дар Русия ва кишварҳои ИДМ муаррифӣ шудааст. 

СИФАТИ ҲИФЗШУДАИ АНЪАНАВӢ

Барои «Bonduelle» сифати маҳсулот - афзалияти аввалиндараҷа аст. Раванди сартосарии истеҳсолот барои ҳифзи арзишҳои ғизоӣ ва сифатнокии таъми маҳсулот нигаронида шудааст. Дар сатҳҳои гуногуни истеҳсолӣ барои таъмини сифат ва назорати комили истеҳсоли маҳсулоти мо санҷиш гузаронида мешавад:

  • интихоби истеҳсолкунандаи маҳсулот ва тухмӣ;
  • назорати рушди зироат;
  • дараҷаи пухта расидани сабзавот, хусусияти онҳо; 
  • раванди истеҳсолот;
  • дастурамалҳо;
  • қуттибандӣ; 

УҲДАДОРӢ

Тамоми раванди истеҳсоли «Bonduelle» тавре ба роҳ монда шудааст, ки фоиданокӣ, лазизии маҳсулот таъмин гардад ва он бояд ҳама арзишҳои худро нигоҳ дорад. Бо чунин мақсад Гуруҳи «Bonduelle» қоидаҳои қатъиеро ба роҳ мондааст, ки он дар ҳама сатҳҳои истеҳсолӣ ва шахсони ба он вобаста (хоҷагидорон, истеҳсолкунандагон, шуъбаҳои истеҳсолӣ ва ғ.) риоя мешаванд. Ба он хотир ин чораҳо андешида шудаанд, ки ба истифодабарандагон сифатнокии маҳсулотамонро кафолат бидиҳем. 

ҒАМХОРӢ ДАР ҲАҚҚИ ТАБИАТ: ИСТЕҲСОЛИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ БО РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

«Bonduelle» табиатро меписандад. Табиатро тавре бояд аз худ кард, ки ба он зарар нарасад, боигариаш ҳифз шавад ва осеб набинад – ин аст ҳадафи Гуруҳи «Bonduelle». 

МУНОСИБАТИ ҲАМАҶОНИБА

Истеҳсолоти хоҷагии деҳқоние, ки «Bonduelle» ба роҳ мондааст - ин экологӣ, муассир, солим ва истеҳсоли самаранок аст, ки дар он тавозун байни ғамхорӣ дар ҳаққи муҳити атроф ва ҳадафҳои иқтисодии кишоварзон барои ба талаботи муштариён ҷавобгӯ будан, риоя мешавад. 

УҲДАДОРИҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА 

Бо мақсади ба талабот ҷавобгӯ кардани диди хоҷагидории Гуруҳ ва таъмини сифати беҳтарини маҳсулот, байни шуъбаи агрономии «Bonduelle», хоҷагидорон, таъминкунандагон ва боркашон  низомномаи таъминотӣ  эҷод шудааст. Он идораи ҳамаҷонибаи ҳосилоти гуногун, таъмин намудани сифати дилхоҳ ва дар таҳти назорат гирифтани ҳар як маҳсулотро кафолат медиҳад.  Ҳамаи ин ба он хотир аст, ки «Bonduelle» ҳамеша кӯшиш менамояд ба шумо, истеъмолкунандагон, сабзавоти беҳтаринро пешкаш созад. 

ҒИЗО

Гуруҳи «Bonduelle» барои сифати маҳсулоти истеҳсолкрадаи худ масъулият ҳис мекунад ва хартияи ғизои солимро эҷод кардааст. 

Ин хартия қоидаҳоро муайян ва вогузор менамояд. Аз ҳама муҳимаш он талаботҳои асосиро вобаста ба намак, шакар ва чарбуҳо (кислотаҳои ғализи аз чарббуда ва кислотаҳои транс-чарббуда ва ғ.) муайян месозад. Ғайр аз ин, хартия назди худ мақсад мегузорад – маълумот дар бораи арзиши истеъмолии маҳсулот бояд барои истеъмолкунанда дастрас бошад. 

Бо ҳамин мақсад «Bonduelle» системаи GDA  (меъёри тавсияшудаи шабонарӯзии истеъмол)-ро ҷорӣ намудааст. Системаи тамғавии мазкур ба истеъмолкунандагон имкон медиҳад, ки ғизои худро аз ҳисоби маълумоти рӯшан ва фаҳмо ба тавозун дароранд. 

Дар қуттӣ арзиши ғизонокии каллорияҳо, ҳаҷми маводи асосӣ, ки дар таркиби маҳсулот мавҷуд аст ва саҳми онҳо дар меъёри лозимии шабонарӯзӣ, нишон дода шудааст. 

 

Барои маълумоти муфассал метавонед ба сомонаи зерин нигаред:

Visit the official Website

www.bonduelle.tj

Haut
de page